05
06
2021

Бо дастгирии Tcell дар Душанбе марафони велосипедронӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист сурат пазируфт

By TCF 0

Марафони дучархаронӣ таҳти шиори «Барои табиат сайр кунед» баргузор гардид, зеро велосипед нақлиёти аз лиҳози экологӣ тоза буда, муҳити зистро олуда намесозад ва тарзи ҳаёти солимро тарғиб менамояд.

Дар марафони велосипедронӣ зиёда аз 400 нафар ширкат варзиданд. Дар он комилан ҳамаи категорияҳоидучархасаворон иштирок доштанд: аз ҳирфаиён то дӯстдорон (ҳаваскорон). Марафон аз даромадгоҳи марказии боғи “Наврӯзгоҳ” оғоз ёфт ва масири он 7,5 километрро ташкил дод.

Ғолибон аз рӯи 5 номинатсия муайян карда шуданд: варзишгарони касбӣ, ҳаваскорон, наврасон, бонувон ва паралимпиадачиён. Ғолибон бо мукофотҳои пулӣ (сертификатҳо), медалҳо, дипломҳо ва рақамҳои “зебо” Tcell мукофотонида шуданд.

Озодхон Давлатшоев, президенти Федератсияи велосипедронии кишвар ва директори генералии ширкати Tcell, ба ғолибон тӯҳфаҳо супорида, онҳоро бо дастоварди муҳим дар марафони велосипедронии экологӣ табрик гуфт.

Мавзӯи марафони велосипедронӣ- тарзи ҳаёти солим ва муҳити солим – аз афзалиятҳои асосии фаъолияти иҷтимоии Tcell маҳсуб меёбанд. Ҳанӯз моҳи апрели соли гузашта, ширкати Tcell бо таваҷҷуҳи хоса ба масоили ҳифзи муҳити зист баста ва тарофаи нақшавии “Эко”-ро роҳандозӣ кард. Бо иштирок дар барномаи «Эко», ҳар як муштарии ширкат метавонад дар беҳбуди вазъи экологии Тоҷикистон саҳм гузорад.

Муфассал дар бораи бастаҳои «Эко»: https://www.tcell.tj/tj/internet/options-and-services/packages-eco.php
«Алло Эко»: https://www.tcell.tj/tj/tarofahoi-nav/tariff-alo.php
«Даркор Эко»: https://www.tcell.tj/tj/tarofahoi-nav/new-darkor.php

Марафони велосипедронӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муштаракан бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии молиявии БРСММ дар Тоҷикистон, инчунин ҳимояти сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон ташкил карда шуд. Федератсияи велосипедронҳои Тоҷикистон шарики баргузорӣ (ташкилӣ)-и чорабинии мазкур буд.

 

9 8 6 54 3 2 1

author: TCF